Тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллӣ 19 июни соли равон дар қисми ҳарбии 17651-и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиа ва санаи 20 июн дар қисми ҳарбии 6593-и дидбонгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия таҳти унвони «Дарёфти роҳҳои намунавии тарбияи ватанпарастии ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ мақомотҳои кудратӣ» семинар-машварат баргузор гардид. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои марбут ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, нақши насли ҷавони ҷомеа дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ғамхориҳои Ҳукумати кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд. Мудири бахши ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Иброҳим Мирзоев иттилоъ дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар қисмҳои низомии мақомоти қудратии мамдакат идома хоҳанд ёфт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






