Ташаббуси шаффофияти истихроҷи канданиҳои фоиданок
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов 31 май дар якҷоягӣ бо роҳбари rотиботи байналмилалии «Ташаббус оид ба шаффофияти соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок» (ТШСКФ) Йонас Моберг моҳияти татбиқи ТШСКФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Зимни мулоқот Д. Саидов баён намуд, ки соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок аз лиҳози иқтидору захираҳои мавҷудаи худ баъд аз соҳаи афзалиятноки гидроэнегетика мақоми муҳимро ишғол менамояд, ки метавонад дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳми бузург гузорад. «Ин соҳа барои иқтисодиёти мо хеле муҳим аст, зеро имкониятҳои он афзунанд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита кумита тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди соҳаи мазкур андешида мешаванд».- зикр намуд Д. Саидов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






