Ташаббусоти фарогир дар равонпизишкӣ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Намояндагии «Ташаббусоти фарогир дар равонпизишкӣ» (ТФР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва коршиносони хориҷӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Омӯзиши вазъи хизматрасонӣ дар сатҳи ҷамъият» баргузор гардид. Мизи мудаввар дар доираи лоиҳаи панҷсолаи «Алянси шарқӣ – давраи гузариш», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд дастгирӣ шуда, дар 5 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Гурҷистон, Ветнам, Шри-Ланка ва Лаос амалӣ мегардад, роҳандозӣ шуд. Мақсади лоиҳа аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоию тиббӣ ба гурӯҳҳои осебпазир – шахсони имконияташон маҳдуд, беморони касалиҳои равонидошта ва пиронсолони камбизоат иборат мебошад. Коршиносони ватанию хориҷӣ дар ҷараёни кори мизи мудаввар қадамҳои навбатиро дар самти татбиқи лоиҳаи «Алянси шарқӣ – давраи гузариш» дар Тоҷикистон муайян намуда, ба қарор омаданд, ки барои татбиқи босамари лоиҳа аз ҳисоби кормандони шарикони сетарафа гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






