Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин

Июнь 3, 2012 19:59

Душангбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). — Аз шаҳри Шанхан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард.  Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд. Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда шавад. Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мисс истеҳсол намуда, 40% онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 3, 2012 19:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст