Ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин
Душангбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар»). — Аз шаҳри Шанхан Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кони металҳои рангаи ширкати Зи Ҷин, ки дар қуллаи «Кӯҳи тиллоӣ»-и шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати Зи Ҷин, аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд. Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд. Соли 2011 корхонаи Зарафшон 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи Зарафшон бояд ба 5 тонна расонда шавад. Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мисс истеҳсол намуда, 40% онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико, содир мекунад. Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки чунин як корхона бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






