Таъсиси Ҷамъияти дӯстии Австрия – Тоҷикистон дар Вена
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия ва cозмонҳои ҷамъиятии ин кишвар Ҷамъияти дӯстии Австрия – Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳадафи асосии ташкили ин Ҷамъият вусъат бахшидан ба робитаҳо ва ҳамкориҳои судманд миёни ҳарду кишвар дар риштаҳои мухталифи муносибатҳои дуҷониба ва муаррифии бештари дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии якдигар дар сатҳи ҷамъиятӣ мебошад. Раёсат ва аъзои Ҷамъият намояндагони соҳаҳои илму фарҳанг, зиёиён ва соҳибкорони кишвари иқоматро дар бар гирифта, ҳамаи онҳоро иртиботи мушаххас ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт муттаҳид менамояд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ иттилоъ доданд, аснои иҷлосияи таъсисӣ доктори улуми тиб, профессор Райнҳард Аммер Президенти Ҷамъияти дӯстии Австрия –Тоҷикистон ва Алексей Покорний Дабири кулли он интихоб гардиданд. Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов зимни мулоқот бо Райнҳард Аммер аз ташкили Ҷамъияти дӯстӣ миёни ҳар ду кишвар истиқбол намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои дастгирӣ ва расонидани кӯмаки амалӣ ба фаъолияти он ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба иброз кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






