Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Суғд
Суғд, 8 июн. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо истифода аз иқтидор ва имкониятҳои корхонаи воҳиди давлатии «Заря Востока» ва аз ҳисоби соҳибкории хусусӣ зиёда аз 100 ҷойи нави корӣ ва ба онҳо асосан занону духтарон ҷалб шуданд. Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ, истифодаю навсозии иншооти бозистода, васеъ кардани истеҳсолот, ба кор даровардани дастгоҳҳои мавҷуда, харидории дастгоҳҳои дӯзандагии нав, таъсиси коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ — «Тобони Шарқ» ва коргоҳи истеҳсоли маҳсулот аз оҳану масолеҳи чӯбу тахта – «Ситораи Шарқ», коргоҳи хонагии ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла қолинбофию ҷӯроббофӣ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ заминаи муҳим гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






