Таъсиси Шўрои машваратӣ дар назди раиси шаҳр
Душанбе, 28 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар пойтахт Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ созмон дода шуд.Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд. Ҳадаф аз ташкили Шўрои мазкур роҳандозии истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шаҳрдорӣ бо ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо шаҳрвандон аст. Шўрои мазкурро раиси шаҳр роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр,роҳбари дастгоҳ, раисони чор ноҳияи пойтахт, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳр ва ширкатҳои мобилӣ ва хизматрасонии интернетӣ шомил мебошанд. Шўрои машваратӣ бояд дар зарфи ним сол як маротиба ҷаласа доир намояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






