Театри ҷавонон — иштирокчии ду фестивал
Душанбе, 5 июн. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ҳунарпешагони Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов рӯзи якшанбеи гузашта аз сафари хориҷӣ ба ватан баргаштанд. Онҳо охири моҳи май дар Эрону Қирғизистон дар ду фестивали байналмилалӣ иштирок намуданд.Ҳунарпешагони театр аз 24 то 27 май дар фестивали «Муқовимат» — и шаҳри Ободони Эрон яке аз спектаклҳои беҳтарини худро намоиш доданд. Спектаклро коргарони театр Нозим Меликов аз рӯи намоишномаи нависандаи Беларус Алексей Дударев «Сарбозони қаторӣ» ба саҳна гузоштааст. Дар Фестивали сеюми байналмилалии театрӣ, ки аз 28 то 30 май дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, спектакли «Шабе дур аз Ватан» ба матни ашъори шоири намоёни тоҷик Бозор Собир намоиш дода шуд. Ҳар ду спектакл ҳам дар Эрон ва ҳам дар шаҳри Бишкек мақбули тамошобинони сершумор гардиданд. Ба қавли яке аз аъзои ҳакам, Театри ҷавонони Тоҷикистон яке аз театрҳои беҳтарин дар фестивалҳо ба шумор мерафт. Тавре ки директори театр Саид Абдуллоев хабар дод, дастаи ҳунарӣ барои иштироки фаъолонааш дар ин фестивалҳо бо дипломҳо қадр карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






