Телман Сумбула шуд, Маяков Ёсуман
Душанбе, 15 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Як шаҳрак ва 15 деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ табдили ном кард. Вобаста ба ин Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси миллӣ қарори марбутаро нисбат ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи мазкур қабул намуд. Роҳандозии ин тадбир дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон сурат гирифта, ҳадафаш поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ, абадӣ гардонидани номи фарзандони барўманди диёр аст. Тибқи ин қарор шаҳраки Кўйбишев ба шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва номи деҳаҳои Комсомол ба Чорбоғ, Қурултой ба номи Боқӣ Раҳимзода, Чкалов ба Истиқлол, Агроном ба номи Нусратулло Махсум, Фрунзе ба номи Исмоили Сомонӣ, Ударник ба Ганҷина, Политотдел ба Маданият, Заря Востока ба Шаҳристон, Крилов ба Сайроб, Ферма ба Кўҳдоман, Телман ба Сумбула, Маяков ба Ёсуман, Энгелс ба Зарнисор, Коммунист ба Ваҳдат ва деҳаи Октябр ба номи Бадриддин Ҳилолӣ табдил шуданд. Бояд зикр кард, ки деҳаҳои мазкур дар деҳоти Иттифоқ ва 50-солагии Тоҷикистон қарор доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






