Терроризм дар арсаи байналмилалӣ шинохта нашудааст

Июнь 20, 2012 16:46

Душанбе, 20 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд рўйхати шахсон ва созмонҳои ба терроризм алоқамандро Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳад ва ҳамзамон ин сохтори қудратӣ мақоми мутобиқсози фаъолияти мубориза бар зидди терроризм аст. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 20 июн ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» иловаҳо ворид намуданд. Бо шарҳи лоиҳаи қонуни мазкур Салимзода Шерхони Одина, Прокурори генералии ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳадафи лоиҳаи қонун мутобиқ намудани он ба санадҳои байналмилалӣ, муайян намудани тадбирҳои иловагии мубориза бо терроризм ва маблағгузории он, пешгирии терроризм ҳамчун хатари имрўзаи ҷаҳони муосир аст. Ба лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои 17 банди 1 ва 17 банди 2 илова карда мешаванд, ки онҳо шартҳо ва асосҳои тартиб додани рўйхати шахсони ба терроризм алоқаманд ва манъ кардани воситаҳои молиявӣ ва дигар молу мулки шахсони ба терроризм алоқамандро муқаррар мекунад. Инчунин, аз ҷониби Суди Олӣ дар асоси аризаи Прокурори генералӣ созмонҳое, ки ба терроризм сару кор доранд, ташкилоти террористӣ эътироф карда мешаванд. Шахсони воқеӣ бошанд, бо қарори суд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун террорист эътироф мегардад. Яъне танҳо қарори ба қуваи қонунӣ даромадаи суд барои ба рўйхати шахсони ба терроризм алоқаманд, дохил намудан, асос шуда метавонад. Ҳамин меъёри лоиҳа муқаррар менамояд, ки ба рўйхати шахсони ба терроризм алоқаманд, ҳамчунин шахсони воқеӣ ва ташкилотҳое дохил карда шаванд, ки онҳо мутобиқи қатъномаи Шўрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид /СММ/ ва ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон террорист ё ташкилоти террористӣ эътироф шудааст. Шерхон Салимзода афзуд, ки терроризм ҷомеаи ҷаҳон ва ҷомеаи кишвари моро низ ба ташвиш овардааст. Хусусан нокушода мондани қисме аз амалҳои террористӣ дар кишварамон ташвишовар аст. Сарвари давлатамон аз минбарҳои баланд, хусусан СММ таъкид кардааст, ки терроизм ба дини мубини ислом ягон иртиботе надорад, афзуд Ш. Салимзода. Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ намуда, гуфт: «Масъалаи мубориза бо терроризм ҷиддӣ буда, ман аз он дар ташвишам, ки дар сатҳи байналмилалӣ, бахусус дар сатҳи СММ ҳаллу фасли худро наёфтааст. Кўшишҳои бархе аз кишварҳои абарқудрат ба назар мерасад, ки ҳатто баъзе кишварҳоро давлатҳои террористӣ муаррифӣ мекунанд. Яъне вақте, ки як давлат бо тамоми қудрат ва имконияте, ки дорад ҳуқуқи миллиашро ҳифз мекунад, онро давлати террористӣ эълон мекунанду бо мудохилаи низомӣ ба хоки он ворид мешаванд. Инро мо дар назири Миср, Либия ва Ироқ мушоҳида кардем», афзуд. Ш. Шабдолов. Барои ҳамин бояд давлат, Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон аз бозиҳои геополитикӣ, ки атрофи мавзўи терроризм аст, худро эҳтиёт намояд. Мо бояд аз бозиҳои сиёсӣ худро дур андозем то муносибатҳоямонро бо кишварҳои дўсту ҳамсоя сард накунем. Бояд аз ин хавф худро эмин нигоҳ дорем, таъкид кард сарвари коммунистони Тоҷикистон.

Июнь 20, 2012 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд