Тими мунтахаби Эрон бар Ӯзбекистон пирӯз шуд
Душанбе, 4 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар марҳилаи охирини Бозиҳои интихобии ҷоми ҷаҳон Бразилия-2014 дар қитъаи Осиё шоми дирӯз аввалин дидорҳо сурат гирифтанд. Дар шаҳри Тошканд дастаи мунтахаби Эрон дар баробари дастаи мунтахаби Ӯзбекистон бо голи задаи Халатбарӣ дар дақиқаи поёни вохӯрӣ ба пирӯзӣ комёб шуд. Тими мунтахаби Ҷопон дар майдони худ бар Уммон бо натиҷаи 3 бар 0, Қатар дар меҳмонӣ бар Лубнон бо ҳисоби 1 бар 0 ғалаба карданд. Танҳо бозии дастаҳои мунтахаби Урдун ва Ироқ мусовӣ»: 1 бар 1 ҷамъбаст шуд. Бозиҳои даври оянда рӯзи 8 июн барпо мегарданд. Лубнон бо Ӯзбекистон, Қатар бо Корея, Ҷопон бо Урдун ва Уммон бо Австралия ба дидори ҳам мераванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






