Тоҷикистон дар тасвири ҷавонон
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ташаббусу ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади дастгирӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои бахшида ба «Ҳафтаи ҷавонон» ва 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни ҷумҳуриявӣ миёни мусаввирон ҷавон зери унвони «Тоҷикистон аз нигоҳи ҷавонон» ва намоишгоҳи мусаввирон таҳти унвони «Ватан дар рангҳо» дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» баргузор гардид, ки дар он 21 нафар хонандагону донишҷӯён ва ҷавондухтарон аз макотиби миёнаву олӣ ва аз маркази омӯзиши касбии пойтахт мусаввараҳои худро барои иштирок дар озмун ва намоишгоҳи мазкур пешниҳод намуданд. Ҳайати комиссия, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз ҳисоби устодони ботаҷриба аз Донишкадаи санъат, Колеҷи рассомӣ ва Донишгоҳи техникӣ созмон дода шуда буд, ба корҳои ба озмун пешниҳодгардида баҳогузорӣ намуданд. Дар маҷмӯъ чорабине, ки дар он 20 нафар ширкат намуданд, бо натиҷагирии зайл анҷомид: Хақдодова Санавбар дастпарвари Донишкадаи санъати Тоҷикиситон сазовори ҷойи аввал, Элназаров Алишер ва Розиқов Ҷаъфар аз Колечи рассомӣ ва Донишкадаи санъат сазовори ҷойи дуввум ва Собиров Ғуфрон ва Мирзоев Азиз ҷойи саввумро соҳиб гардиданд.Ғолибон нимаи аввали рӯзи 25 юни соли равон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо диплому ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин 8 нафар иштирокчии беҳтарин, ки дар намоишгоҳ ва озмун ширкати фаъол доштанд, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодагони чорабиниро сазовор гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






