Тоҷикистон ду зина боло рафт
Душанбе, 7 июн. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар феҳристи навбатии Федератсияи байналмилалии футбол Тоҷикистон мавқеашро дигар карда, ду зина боло баромад ва кунун дар зинаи 129-ум қарор дорад. Ин ҷаҳиш имкон дод, то Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон пеш гузарад. Чун пешина дастаи мунтахаби Испания байни 208 кишвар дар ҷои аввал аст. Уругвай дар мақоми дуввум ва Олмон дар ҷои сеюм ҷойгир аст. Дар радифи даҳ дастаи беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Ҳолланд, Бразилия, Инглистон, Аргентина, Хорватия, Дания ва Португалия мавқеъ доранд. Байни дастаҳои Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум қарор дорад. Ҷопон , Австралия, Кореяи Ҷанубӣ , Эрон , Ӯзбекистон ,Чин, Ироқ , Урдун , Кувайт ва Кореяи Шимолӣ даҳ дастаи пешқадами қораи Осиё мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






