Тоҷикистон солона бо чанд миллион $ доруворӣ ворид месозад?
Душанбе, 6 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тўли солҳои охир воридоти маводи доруворӣ ба кишварамон афзудааст,- гуфт дар назди вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов 6 июн. Мавсуф афзуд, ки агар соли 2000 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 120 миллион доллар расид. Дар ин муддат воридоти маводи доруворӣ ва маводи тиббӣ беш аз 24 маротиба зиёд гардидааст. Инчунин истеҳсоли маводи доруворӣ дар ҷумҳурӣ андаке рушд ёфта, алҳол истеҳсоли беш аз 70 номгўи маводи доруворӣ дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Вазири тандурустии кишвар ҳамчунин ба масъалаи назорати сифати маводи доруворӣ дахл намуда, гуфт: тўли солҳои охир дар кишвармон назорат дар ин бахш хуб ба роҳ монда шудааст. Яке аз омилҳои пешравӣ дар ин соҳа мукаммал гардонидани озмоишгоҳҳои Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ бо таҷҳизоти муосир ва реактивҳост. Агар дар соли 2000 –ум 362 маводи доруворӣ аз таҳлил гузашта бошад, аз онҳо 136 номгўй, ки 37 %-ро ташкил мекунад, ба талабот ҷавобгў набуданд. Соли 2011 нисбат ба соли 2000 –ум 60 маротиба маводи доруворӣ зиёдтар аз ташхис гузаштанд ва маводи доруворие, ки ба талабот ҷавобгў набуд, 0,6 % -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2000 –ум 60 маротиба кам аст. Бо сабаби пурзўр намудани назорати муомилоти маводи доруворӣ, дорувории ба стандартҳо ҷавобгў набуда, мўҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот бардошта мешаванд. Агар солҳои қаблӣ 1 тонаю 850 кг маводи дорувории бесифат ва мўҳлатгузашта аз муомилот гирифта шуда бошад , ин нишондиҳанда дар соли 2011 ба 40 ҳазору 815 кг расидааст. Бояд зикр кард, ки 6 июн палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки ҳадафаш мутобиқ намудани он ба дигар қонуну санадҳои ҷумҳурист.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






