Тоҷикистону Корея табодули таҷриба менамоянд
Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар ояндаи наздик Тоҷикистон ҳамкориҳои парлумониашро бо Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея /ҶХДК/тақвият мебахшад. Ин масъала 1 июн дар маркази мулоқоти Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон ва Ли Хак Му, намояндаи муваққатии ҶХДК дар умури минтақавӣ қарор дошт. Марҳабо Ҷабборова аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Шимолӣ дар бахшҳои гуногун изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бар зарурати таҳкими муносиботи байнипарлумонии ду кишвар таъкид кард. Зикр шуд, ки дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гурўҳи дўстӣ ва парлумонӣ фаъолият менамояд, ки он шароити мусоидро ҷиҳати таҳкими равобити ҳасана дар бахшҳои мухталиф фароҳам меорад. М. Ҷабборова ба роҳ мондан ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф байни Тоҷикистону Кореяро аз ҳадафҳои дигари масъулини ниҳодҳои марбутаи ҳар ду кишвар унвон кард. Мавсуф гуфт, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои омўзиши илмҳои гуногун ва муосир вуҷуд дорад, вале то имрўз ҳамаи ин имконот ба таври кофӣ истифода нашудаанд. Аз ин рў, истифодаи таҷрибаи Кореяи Шимолӣ дар заминаи баҳрабардорӣ аз манобеи мавҷуда дар соҳаи илму маориф ва амалӣ кардани роҳҳои ҷадиди омўзиши илмҳои гуногуни муосир дар Тоҷикистон метавонад дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон омили асосӣ гардад. Таъкид шуд, ки қонунгузории Тоҷикистон барои қавму миллатҳои гуногуни муқими кишвар фазои мусоид ва баробарҳуқуқиро фароҳам овардааст ва озодона фаъолият кардани ҷамъияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон аз ин шаҳодат медиҳад, Намояндаи муваққатии Корея дар умури минтақавӣ Ли Хак Му дар навбати худ гуфт, ки Корея алоқаманди густариши муносибот бо Тоҷикистон буда, мавқеи Тоҷикистонро дар ҳамаи масъалаҳо ҷонибдорӣ мекунад. Вай таҳкими муносиботи ҳасанаро бо ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳадафи асосии кишвараш арзёбӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






