Ваҳдат пояи истиқлол

Июнь 26, 2012 14:51

Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбад бахшида ба 15-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.  Дар маҷлиси тантанавӣ аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ 15-солагии ба имзо расидани санади дорои аҳамият ва барои халқу миллати мо тақдирсоз — Созишномаи умумии истиқрори сулҳро рӯйдоди басо муҳим муҳим хонд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки 15 соли эҳёи миллӣ, понздаҳ соли баҳамоӣ, понздаҳ соли худсозӣ ва худшиносиву худогоҳӣ, понздаҳ соли сулҳу субот ва оромӣ ва муҳимтар аз ҳама, понздаҳ қадами устувор дар роҳи эъмори ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таърихи навини давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Маҳз ба шарофати ин санади ҳаётан муҳим мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, марҳалаи нав, яъне гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишварамон ва рушди онҳоро дар ҷомеа таъмин намоем, -таъкид дошт Сарвари давлат. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои хотирмон бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ табрику таҳният гуфт.Сарвари давлат бо итминони комил изҳор дошт, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдори ҳастии миллат ва арзиши гаронмояи миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯию сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун рамзи сарфарозӣ ба мерос хоҳанд гузошт. Дар ҳақиқат ҳам мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии халқи тоҷик ба шумор меравад ва он маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гашт. Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати ҳамин сулҳу субот ва хиради азалии халқамон мо хатари аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва пароканда гаштани миллати кӯҳанбунёдамонро ҷилавгирӣ намудем. Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки то рӯзи ба имзо расидани имзои созишнома бо намояндагони собиқ мухолифин ҳашт музокироти расмӣ ва бисту як вохӯрии ғайрирасмӣ доир карда шуд. Сарвари давлат махсус таъкид дошт, ки ҳиссаи аъзои Комиссияи оштии миллӣ ва гурӯҳҳои коршиносон дар раванди ба даст овардани сулҳи тоҷикон назаррас мебошад. Эмомалӣ Раҳмон нақши созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дӯстро дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо махсус таъкид дошт. Маҷлиси тантанавӣ бо пешниҳоди барномаи рангини ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.

Июнь 26, 2012 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бино ва синфхонаҳои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
250 кӯдак дар «Чангоб» ба истироҳат фаро гирифта шуданд