Вайсиддин Қурбонов имомхатиб интихоб шуд
Душанбе, 11 июн. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо қарори Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ барои фаъолияти масҷиди ба номи Халифа Абдукарими шаҳри Ваҳдат ҳамчун масҷиди панҷвақта иҷозат дода шуд. Дар ин бора мудири бахш оид ба корҳои дини назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Тоҷиддин Лолаев иттилоъ дод. Бо қарори ҳайати муассисон Вайсуддин Қурбонов, имомхатиби масҷиди мазкур ва муовинаш Маҳмуд Қаҳҳоров интихоб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки 3 майи соли ҷорӣ бо қарори Суди шаҳри Ваҳдат фаъолияти масҷиди номбурда ҳамчун масҷиди ҷомеъ қатъ гардонида шуда буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






