Вакил шудан хоҳед, бояд забони давлатиро донед!
Душанбе, 13 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донистани забони давлатӣ барои узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳатмӣ гардид. Вобаста ба ин 13 июни соли 2012 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон ба як қатор лоиҳаи қонунҳои конститутсионӣ тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Инҳо Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» мебошанд. Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар назди вакилон гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи кишвар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба забони давлатӣ қабул мешаванд. Дар робита ба ин барои шахсоне, ки ба таҳия ва эҷоди қонунҳо машғуланд, донистани забони давлатӣ ҳатмист. Ин раванд дар таҷрибаи парламентаризми ҷаҳонӣ падидаи нав нест, афзуд. Д. Саймиддинов. Ҳамзамон тибқи ин тағйирот тамоми санад ва ҳуҷҷатҳои шахсоне, ки ба мақомоти намояндагӣ пешниҳод мешаванд, бояд ба забони давлатӣ омода карда шаванд. Тағйирот ба лоиҳаи қонунҳои конститутсионии мазкур ба талаботи Қонуни нави забони давлатӣ, ки онро 5 октябри соли 2009 парлумони мамлакат қабул намуд, рабт дорад. Бояд зикр кард, ки бо қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳар сол 5 октябр дар саросари кишвар Рўзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ 22 июли соли 1989 қонун «Дар бораи забони тоҷикӣ» қабул гардида буд, ки он барои поку беолоиш нигоҳ доштану ҳифзи забони ноби тоҷикӣ нақши муассир гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






