Варзишгарон соҳиби 10 медали тилло гардиданд

Июнь 29, 2012 15:26

Душанбе, 29 июн.(АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши дастхобонӣ дар шаҳри Гургони Эрон баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз 10 кишвар – Индонезия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Ҷопон, Ҳиндустон ва Эрон ширкат доштанд. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқа бо вазни 90 кг байни мардон дар рақобатҳои инфиродӣ ҳам бо дасти рост ва ҳам бо дасти чап ду медали тилло ба даст оварданд. Инчунин варзишгарони тоҷик барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии дастхобонии ҷаҳон, ки аз 12-ум то 21-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия баргузор мешавад, омодагӣ мегиранд. Дар ҷамъбаст дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 10 медали тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Июнь 29, 2012 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд