Велосипедронон ба Суғд оед!
Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 16-17 июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ доир мегардад. Дар мусобиқа ширкати ҳайати дастаҳои 10 нафараи вилояти Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе дар назар аст.Бо мақсади гӯштини миллӣ миёни калонсолон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллиро барои дарёфти ҷоизаи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Р. Ғиёсов 21-22 июни соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод доир менамояд. Дар чорабинӣ дастаҳои 10- нафараи вилояти Хатлон (2 даста), Суғд, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ (2 даста), водии Рашт (2 даста) ва шаҳри Душанбе (2 даста) ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






