ВКД барои ёфтани қотилони Х.Сафаров мукофот таъин кард
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Ҳамаи онҳое, ки ба тафтиши куштори директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмӯъмин Сафаров мадад мекунанд, бо мукофоти пулӣ қадр карда мешаванд.Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Хотирнишон месозем, ки Х.Сафаров бо истифода аз таппончаи Макаров кушта шуд. Марҳум аз сар, сари сина ва шикамаш ҷароҳат бардошта, дар маҳалли воқеа ҳалок гардид.Шахсони номаълуме, ки Х.Сафаровро ҳадафи худ қарор дода буданд, аз маҳалли ҷиноят ғайб заданд.Алҳол бо фармони Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов гурӯҳи тафтишоти фаврӣ ташкил ёфта ва тафтиши ҷиноят таҳти назорати қатъӣ гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






