Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Фан Ҷсян

Июнь 2, 2012 17:03

Душангбе, 2 июн. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сямэн ҳайати ширкати мошинсозии Шанхай (SAIC) ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Синоҳайдро Фан Ҷсянро ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ бо ҳайати ширкати SAIC имконоти ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо баррасӣ шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки SAIC бузургтарин ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, аз соли 2009 ба ин сӯй дар миёни 10 ширкати бузургтарини мошинсозии ҷаҳон мақоми намоён дорад. Ин ширкат, ки бо машҳуртарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон беш аз 50 корхонаи муштарак дорад, дар соли 2010 3,6 миллион ва соли 2011 4 миллион мошин тавлид намудааст. Маҳсулоти асосии ин ширкат мошинҳои гуногуни сабукраву боркаш, автобусу минибас ва трактору мошинолоти кишоварзӣ мебошад. Ҳарду ҷониб ба бунёди як корхонаи муштараки истеҳсоли намудҳои мухталифи автомобилҳо дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Зимни суҳбат бо Раиси Шӯрои директорони ширкати Синоҳайдро Фан Ҷсян масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҷдиду бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ баррасӣ шуд. Хотиррасон бояд намуд, ки Синоҳайдро аз бузургтарин ширкатҳои чинӣ дар ин соҳа буда, аз солҳои 50-уми асри гузашта ба ин сӯй беш аз 70% иншооти гидроэнерготехникии ин кишвар аз ҷониби он бунёд ёфтааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июнь 2, 2012 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад