Вуруди 215 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар 5 моҳ
Душанбе, 13 июн. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи маълумоти дастрасшуда дар 5 моҳи соли 2012 воридоти намудҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин – 68957 тонна, сӯзишвории дизелӣ – 43972 тонна, сӯзишвории реактивӣ – 21475 тонна, мазут – 5313 тонна, битум – 4054 тонна, равғанҳои молиданӣ 4824 тоннаро ташкил дод. Беш аз 65 адад корхонаи хусусӣ ва давлатӣ ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғул шуданд.Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз сабаби баланд шудани боҷи содиротии гумрукӣ аз тарафи содиркунандагон дар давраи ҳисоботӣ коҳиш ёфтааст. Масалан, мувофиқи маълумоти аз мақомоти гумрук пешниҳодшуда маҳсулоти нафтӣ 148595 тоннаро ташкил дод. Дар 5 моҳи соли 2011 ба миқдори 214 903 тонна маҳсулот ворид шудааст.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар моҳҳои охир нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба пастравӣ дорад. Агар дар аввали моҳи апрели соли 2012 нархи як баррел нафти хоми Брент ба 124,37 доллари амрикоӣ баробар бошад, пас ин нишондод 12 июни соли ҷорӣ 100,88 доллари амрикоиро ташкил дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






