Як ҳайати чиноӣ озими Душанбе хоҳад шуд
Душанбе, 1 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дуюмин намоишгоҳи «ЭКСПО-Чин-АвруОсиё» аз 1 то 5 сентябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти мухтори Шинҷону Уйғури Чин -шаҳри Урумчӣ баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳими иқтисодӣ соли дуюм аст, ки созмон дода мешавад ва ҳадафаш рушд ва тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ миёни кишварҳои дунёст. Ҳукумати вилояти мухтори Шинҷону Уйғур, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Чин, инчунин Кумитаи давлатии рушд ва ислоҳоти ин кишвар аз созмондиҳандагони намоишгоҳ маҳсуб мешаванд. Дар намоишгоҳ дар радифи дигар кишварҳои осиёию урупоӣ, бархе аз ниҳодҳои марбут ба иқтисоду тиҷорати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва соири созмонҳои молиявию тиҷоратӣ, инчунин Тоҷикистон ширкат менамоянд. Интизор меравад, ки нимаи аввали моҳи июн ҳайате иборат аз масъулин ва созмондиҳандагони дуюмин намоишгоҳи «ЭКСПО-Чин-АвруОсиё» ба Душанбе ташриф оварда, масъалаҳои марбут ба гузаронидани намоишгоҳро баррасӣ хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






