Зайд Саидов: «Соҳибкории ватаниро рушд медиҳем»
Душанбе, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Таърихи ташаккули рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама, таърихи истодагарӣ ва рӯҳияи зиндаи инсонҳои соҳибкорест, ки тамоми ҳастии худро ба кори созандагию эҷод бахшидаанд. Вале ин зарфияти бузурги соҳибкории кишвар ба сабаби парокандагӣ асосан ба таври пурсамар истифода намешавад. Аз ин рӯ, муттаҳид намудани зарфиятҳо ва талошҳои иттиҳодияҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз самтҳои стратегии рушди соҳибкорӣ ва демократисозии ҷомеа буда, дастёбӣ ба он ҳадафи меҳварии фаъолияти Шӯрои ҳамҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (ШҲАСИҶТ) мебошад. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ШҲАСИ ҶТ Зайд Саидов ба соҳибкорони ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар муроҷиат намуда, бо як ҳисси боварӣ иброз дошт, ки дар атрофи ШҲАСИҶТ муттаҳид шаванд, мавқеи ягона ва созандаи бизнеси Тоҷикистонро ташаккул диҳанд. «Мо боварӣ дорем, ки ҳар як соҳибкор дар фаъолияти ин ташкилот манфиатҳои миллӣ, шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва шахсии худро меёбад», — иброз дошт ӯ. Ҳачунин афзуд, ки мақсади асосии мо муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳибкории ватанӣ, саҳмгузории соҳибкорон дар рушди кишвар ва таъмини зиндагии беҳтари мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва солим гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоягузории мустақими хориҷию дохилист.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






