Зарари боришоти сахти борон
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 23 июни соли равон, соатҳои 22:00 то 23:58-и шаб, дар натиҷаи боридани борони шадид, дар деҳаи Муки ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳияи Ҷиргатол омадани сел ба қайд гирифта шудааст, ки ба заминҳои наздиҳавлигии 21 хоҷагӣ зарар овардааст. Аз ҷумла, 2,05 га замини картошка, 0,15 га гандум, 0,67 га алафзор куллан аз байн рафтааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд.Бино ба иттилои манбаъ рӯзи 23-юми июн, соатҳои 19:00 то 21:00 дар ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш, дар натиҷаи боридани борони сахт, жола ва вазидани шамоли сахт, якчанд манзили истиқоматии сокинони ноҳия ва хатҳои интиқоли барқ зарар дида, талафи чорвои хурд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, 24-уми июни соли равон, тақрибан, соатҳои 12:30 дақиқаи шаб дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд борони пуршиддат борид, ки дар натиҷа 2,5 км шоҳроҳи мошингарди Исфара-Конибодом тахриб шуд. Дар ҳамин рӯз, соати 12:00 борони пуршиддат ва жола боиси дар ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт омадани сел гардид, ки дар натиҷа 10 км шоҳроҳи Ашт-Хуҷанд қисман вайрон шудааст,- афзуд манбаъ.Айни замон дар ҷойи ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия фаъолият дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






