«Зари Кўлоб» маҳсулоташро содирот хоҳад кард

Июнь 26, 2012 14:20

Душанбе, 26 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Роҳбарият ва ҳунармандони корхонаи «Зари Кўлоб» тасмим гирифтаанд, ки сохтани намудҳои қадимаи ҷавоҳироту ороишоти занонаро дар омезеш бо навъҳои муосир ба роҳ монда, ба ин тартиб дар эҳё ва густариши ҳунари суннатии заргарӣ саҳми босазо гузоранд. Шоҳқурбон Ҳакимов мудири корхонаи «Зари Кўлоб» дар сўҳбат ба хабарнгори АМИТ «Ховар» гуфт, ки касби заргарӣ авлодӣ буда, ба мо аз бобою бобокалонамон мерос мондааст. Ин ҳунари қадимаро ман ба фарзандонам ҳам омўхтаам ва алҳол онҳо дар корхона ҳамчун заргар машғули коранд. Корхонаи «Зари Кўлоб»соли 2005 дар арафаи таҷлили 2700-солагии шаҳри бостонии Кўлоб бо мақсади эҳё ва рушди ҳунари қадимаи заргарӣ таъсис дода шуда, алҳол дар он 40 нафар ҷавонон ба ҳунари заргарӣ машғуланд. Маҳсулоте, ки дар корхонаи «Зари Кўлоб» истеҳсол мегардад, асосан аз метали рақами 2, яъне нуқра ба роҳ монда шудааст , афзуд. Шоҳқурбон Ҳакимов. Мавсуф зикр кард, ки алҳол дар корхона 200 намуди ҷавоҳироту ороишоти гуногун барои бонувон истеҳсол мешаванд, ки бархе намуду сохти онҳо қадимӣ ва мутааллиқ ба асрҳои 18-19 буда, бо диди замонавӣ сохта шуда, таҷассумгари тахайюлоти бою рангини заргарон аст. Маҳсулоти корхона мутаассифона то ба ҳол ба ягон кишвари дунё содирот намегардад. Аз ин рў раҳбарияти корхона ният дорад, ки дар оянда барои содироти маҳсулоташ ба кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Муштариёни дастранҷи ҳунармандони корхонаи «Зари Кўлоб» асосан бонувони маҳаллианд. Инчунин хориҷиҳо низ ба маҳсулоти «Зари Кўлоб» таваҷҷўҳи бештар дошта, ҳангоми ташрифашон ба шаҳри бостонии Кўлоб аз дастранҷи хунармандони кўлобӣ харидорӣ менамоянд. Корхона ашёи хомро аз заводи Апреловка, ки дар вилояти Суғд воқеаст бо нархи бозори ҷаҳонӣ харидорӣ менамояд. Маҳсулот ҳам дар асоси фармоишот ва ҳам тибқи нақшаи корхона истеҳсол карда шуда, нархаш нисбати маҳсулоти корхонаҳои заргарии дигар кишварҳо арзонтар аст. Роҳбарияти корхонаи «Зари Кўлоб» ҳамзамон тасмим гирифтааст, ки дар оянда шумораи заргаронро афзун гардонида, ҳунари онҳоро сайқал диҳад.

Июнь 26, 2012 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад