Зеҳн ҳудуд надорад
Душанбе, 25 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Фестивали 7 — уми байналмилалии косибон таҳти унвони «Зеҳн ҳудуд надорад» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ ба муносибати 15 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар фестивал 50 нафар косибони хориҷӣ аз Афғонистон, Эрон, Туркия ва 50 нафар косибони маҳаллӣ ширкат хоҳанд кард. Ҳадафи аслии фестивали мазкур муттаҳид сохтани қувваҳои эҷодии косибони Тоҷикистон бо ҳамватанони берун аз кишвар унвон мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор косибон фаъолият дошта, Тоҷикистон узви Бунёди байналмилалии косибони Осиёи Марказӣ аст. Фестивал тайи се рӯз идома меёбад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






