Журналистони «Big Media Group» дар Суғд
Душанбе, 1 июн. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Гурӯҳи рӯзноманигорони ширкати иттилоотию машваратии «Big Media Group» 30 майи соли равон бо мақсади шиносоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари онҳо бо боздид аз мавзеъҳои назаррабои ноҳияҳои Айниву Панҷакент, аз ҷумла Искандаркӯл, ҳафриёти ёдгории аҳди кишоварзии Саразми 5500-сола шурӯъ гардида , имрӯз дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд идома меёбад.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гурӯҳи рӯзноманигорони «Big Media Group» аз маҷмӯаи Регистони Панҷшанбе, масҷиди шайх Муслиҳиддин, корхонаҳои саноатии «Ҷавонӣ» ва «Қолинҳои Қайроққум», инчунин аз мавзеъҳои истироҳативу фароғатии «Баҳри Тоҷик» боздид менамоянд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






