Зиндагиномаи раиси Парлумонро «Адиб» ба табъ расонд

Июнь 19, 2012 16:04

Душанбе, 19 июн.(АМИТ Ховар», Марзия Саидова).-Нашриёти «Адиб» китоби таърихнигор ва донишманди маъруфи тоҷик Усмонҷон Ғаффоровро аз чоп баровард, ки он ба ҳаёт ва фаъолияти ходими намоёни сиёсию давлатӣ, нахустин раиси парлумони касбии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев бахшида шудааст. Донишманди тоҷик сайъ намудааст, ки рўзгору фаъолияти давлатию ҷамъиятӣ ва нақши иҷтимоии Сайдулло Хайруллоевро бо ҷузъитарин тафсилоташ аз саҳифаҳои матбуот, ҷаласаҳои тантанавӣ, сўҳбату мулоқот ва лаҳзаҳои бо ҳам будан ва дар сафарҳо рафтанро аз ҳар гўша ҷамъ оварда, дар шакли китоб мураттаб намояд. Китоби мазкур аз зиндагиномаи ин шахсияти барҷаста нақл карда, он қомусеро мемонад, ки дар худ паҳлўҳои гуногуни ҳаёти собиқ раиси парлумони Тоҷикистонро таҷассум намудааст. Бояд тазаккур дод, ки Сайдулло Хайруллоев 10 августи соли 1945 дар ноҳияи Рашт ба дунё омада, соли 1969 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм менамояд ва дар зарфи беш аз 40-соли фаъолияти давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятиаш аз мактаби ҳаёт сарбаландона гузаштааст. С. Хайруллоев дар солҳои гуногун дар вазифаҳои роҳбарии Раёсати бахши обёрии дар ноҳияи Ғарм будаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ, муовини раис ва раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи собиқ Ғарм, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қўрғонтеппа, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, вазири ҳифзи муҳити зист, раиси ноҳияи Ғарм, раиси Кумитаи фулузоти қиматбаҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати мамлакат фаъолият намудааст. Соли 2000 аз ҳавзаи интихоботии Ғарм №12 вакили палатаи поёнии парлумони мамлакат интихоб гардида, муддати 10 сол (дар даъвати дуюму сеюм) дар мансаби раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Дар солҳои раиси Маҷлиси намояндагон буданаш дар ташкил ва рушди нахустин мақоми намояндагӣ ва қонунгузории касбии мамлакат нақши муассир гузошта, дар ин муддат беш аз 1000 қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳим қабул карда шуданд. С. Хайруллоев ҳамчун ходими давлативу арбоби барҷастаи сиёсӣ доир ба таърихи парламентаризми тоҷик чандин китобҳо ба табъ расонидааст. «Интихоби замон» (2002), «Башорати қонун» (2003), «Асри қонун»(2005), «Мақоми олии қонун» (2010) аз ҷумлаи онҳост. Алҳол С. Хайруллоев узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон раиси Ҷамъияти дўстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷист. Хизматҳои шоёни ходими давлатӣ бо унвони корманди шоистаи Тоҷикистон, орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Исмоили Сомонӣ» (дараҷаи якум) ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Июнь 19, 2012 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад