Зиндагиро орзу ширин намуд
Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Имрӯз аз соати 19:30 то 21:30 дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе таҳти шиори «Зиндагиро орзу ширин намуд» фестивал бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо маводи нашъадор гузаронида мешавад. Мақсади асосии чорабинии мазкур ҷалб намудани диққати ҷавонон ба масъалаҳои маводи нашъадор ва оқибатҳои фоҷиаовари он мебошад. Ташкилкунандагони фестивал бо роҳи гузаронидани чунин чорабинӣ ҷаҳонбинии зиддимухаддиротиро дар мафкураи ҷавонон ташаккул дода, онҳоро барои даст кашидан аз истеъмоли маводи мухаддир ва психотропӣ ҳавасманд гардонида, диққати онҳоро ба ҳаёти тарзи солим ҷалб менамоянд. Дар назди ҷамъомадагон варзишгарони номӣ дар бораи зарар ва оқибатҳои фоҷиабори маводи нашъадор сухан гуфта, ҳунармандони шинохта ва ситораҳои эстрада, аз ҷумла Зикруллоҳ Ҳакимов, Ҷонибек Муродов, Меҳрнигор, инчунин гурӯҳи рэпсароёни пойтахт бо суруду мусиқии дилнавоз баромад менамоянд. Ташкилкунандагони ин аксия Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати шаҳри Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






