Ҳалокати 25 нафар бар асари офати табиӣ
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 280 ҳолати фавқулодда ба амал омадааст, ки дар натиҷаи онҳо 25 нафар ба ҳалокат расидааст. Ин нишондодро Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода афзуд, ки бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 835 адад хона ба маблағи 43 млн. 815 ҳазору 200 сомонӣ зарар дида, 204 адад хона пурра хароб гардидааст. «Маблағи хисорот аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 57 млн. 748 ҳазору 500 сомонӣ, аз ҷумла аз иншооти иқтисодӣ ба маблағи 32 млн. 122 ҳазору 500 сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 9 млн. 799 ҳазору 100 сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ ба маблағи 7 млн. 742 ҳазору 500 сомониро ташкил дод. Барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, бор кардан ва фуровардани кӯмаки башардӯстона ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи Восеъ- соҳили дарёи Ёхсу 254 нафар аз ҳайати шахсии Кумита сафарбар гардидаанд», — илова намуд Х. Абдураҳимов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






