Ҳамкориҳои муштараки Тоҷикистону Фаронса
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 18-уми июли соли 2012-ум вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот масоили вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ миёни Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла идома бахшидани ҳузури низомиёни Фаронса, ки дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе мустақаранд, мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ, авзои кунунии давлати Афғонистон ва дигар масоили вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин доир ба таъмини амният дар минтақа ва дар соли 2014-ум берун шудани коалитсияи зидди террористӣ аз давлати Афғонистонро муҳокима намуда, оид ба нақшаҳои қаблан ба тасвиб расидаи миёни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.Ҷаноби Жан-Ив Ле Дриан низ дар навбати худ нақши Тоҷикистонро дар муборизаи байналмиллалии зиддитеррористӣ баланд арзёбӣ намуда, барои ҳамкориҳои зич бо Фаронса дар ин самт арзи сипос кард.Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ба ҳамтои фаронсавии худ барои ҳамкориву кӯмакҳои ба Тоҷикистон расонида, ки аллакай байни вазоратҳои мудофиаи ду кишвар сурат гирифтаанд, изҳори сипос намуд.Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Фаронса аз соли 2001-ум ба роҳ монда шуда, дар самту соҳаҳои мухталифи низомӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






