Ҳамкории мутақобилаи иттилоотӣ
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамкориҳои мутақобилаи иттилоотии байналмилалӣ миёни Агентии омори назди Президенти ҶТ ва созмонҳои байналмилалӣ сол аз сол беҳтар мегарданд,- иброз дошт директори агентии мазкур Бахтия Муҳаммадиева ба мухбири АМИТ «Ховар».Дар нимсолаи аввали соли 2012 Агентии омори назди Президенти ҶТ дар соҳаи ташкили ҳамкории мутақобилаи иттилооти байналмилалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид, ЮНФПА, ОЭСР, ЭКО, Бонки Ҷаҳонӣ, МОТ, ФАО, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳо мутобиқи талаботи методологияи байналмилалӣ тамоми маълумоти омории заруриро пешниҳод намудааст.Маълумоти оморӣ ҳамчунин ба ЕВРАЗЭС ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди иқтисодӣ пешниҳод гардидааст.Ба гуфти Б.Муҳаммадиева ҳамкории самаранок ва мубодилаи мутақобилаи иттилоотӣ ба Хадамоти омори мамолики ИДМ, Кумитаи омори ИДМ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст. Танҳо ба Кумитаи омори ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2012 беш аз 160 кори оморӣ фиристода шудааст, ки ин худ ифодагари дар сатҳи баланди ҳамкории мутақобилаи иттилоотӣ ба роҳ мондани муносибатҳои омории Тоҷикистон бо ин Кумита мебошад,-афзуд Б.Муҳаммадиева.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






