Ҳашароти фоидаовар
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Натиҷаи таҷрибаҳои илмӣ нишон доданд, ки дар ҳолати гузаронидани шудгор дар чуқурии 25 см ҳосилнокии нахӯди калондонаи навъи «Сино» аз як гектар 16,7 ва наски калондонаи «Соҳибӣ» 19 сентнерро ташкил медиҳад.Олимони Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ барои офаридани навъҳои пахтаи «Шарора-1020», «Дӯстӣ-ИЗ», нахӯди калондонаи «Сино», ҷуворимаккаи «Зарафшон» соҳиби 4 патент ва барои ихтирои мошину мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла «Таҷҳизот барои ба навъҳо ҷудокунии бехмеваҳо» ва «Таҷҳизот барои ҷамъоварии бехмеваҳо» соҳиби ду патент гардиданд,- иброз дошт президенти Академияи кишоварзии Тоҷикистон, академик Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар озмоишгоҳи биологии шӯъбаи химияи растаниҳо ба миқдори 100 ҳазор ҳашароти фоидаовари «хобрабракон» ва «тиллочашмак» парвариш меёбанд, ки дар давраи нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои таҷрибавии «Зироаткор» ва ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор дар корҳои таҷрибавӣ барои ҳимояи биологии растаниҳо, аз ҷумла пахта аз ҳашароти зараррасон истифода мегарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






