Ҳавои гарми Саудӣ ба сўи Тоҷикистон ҳаракат менамояд

Июль 5, 2012 10:02

Душанбе, 5 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳавошиносони кишвар ҳаракати ҳавои гарми биёбониро аз сўи нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба сўи кишвараҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пешгўӣ менамоянд.  Парвина Саидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар мегўяд, ки бо ҳаракати ҳавои гарми Саудӣ ба Тоҷикистон, ки он рўзҳои 9, 10 ва 11 июл дар назар дошта шудааст, ҳарорати ҳаво нисбат ба рўзҳо феълӣ то се чор дараҷа боло рафта, дар пойтахт –шаҳри Душанбе рўзона ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, дар қисмати ҷанубии кишвар гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад. Дар ин давра ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 рўзона 39-44, дар вилояти Хатлон шабона 21-26 рўзона 40-45 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон /ВМКБ/ шабона 17-22 рўзона 33-36 дарҷа гарм. Дар Дарвоз бошад ҳарорати ҳаво рўзона то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар Шарқи ВМКБ шабона 4-9 рўзона 22-25дарҷа гарм, дар кўҳҳо рўзона то 34-36 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 22-24 ва рўзона 40-42 дараҷа гарм мешавад. Имрўз, 5 июл ҳаво дар пойтахт шабона 17-22 рўзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2012 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад