Ҳосили интизории пахта муайян мешавад
Душанбе, 25 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади сари вақт муайян намудани ҳосили интизории пахтаи тухмӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2012, тибқи фармони вазири кишоварзӣ аз 23.07.2012 таҳти №127 дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Ҳамзамон тибқи фармони вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов барои дар мӯҳлати муайяншуда ва босифати баланд гузаронидани маъракаи муайян намудани ҳосили интизории (биологии) пахта, аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуд. Гуруҳҳои корӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо раёсатҳо ва зерсохторҳои вазорат сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, барои босифат гузаронидани апробатсияи майдонҳои кишти пахтаи тухмӣ муайян намудани назардошти захираи пахтаи тухмӣ мусоидат намуда, захира ва коркарди онро дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҷумҳурӣ зери назорат гиранд. Инчунин барои сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакор бо қисмҳои эҳтиётӣ, ба кор омода намудани ядакҳои тракторӣ ва аз сухтор эмин нигоҳ доштани ҳосили пахта чораҳои зарурӣ андешанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






