Ҷаласаи комиссияи муштарак

Июль 24, 2012 11:30

Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Қисми тоҷикистонии комиссияи мазкурро вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ва ҷониби Туркманистонро вазири молияи Туркманистон Д. Содиқов роҳбарӣ мекунанд. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика ва саноат, кишоварзӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, гуманитариву тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.Дар назар дошта шудааст, ки ҷаласа пагоҳ кори худро идома диҳад.

Июль 24, 2012 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад