Ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи «Тоҷикматлубот»
Душанбе, 18 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Истифодаи самарабахши иқтидори мавҷуда ва захираҳои дохилӣ имконият дод, ки нишондиҳандаҳои асосии банақшагирифтаи соҳа дар нимсолаи аввали соли 2012 барзиёд иҷро гарданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ҷамъияти матлуботи ҶТ Сироҷиддин Валиев ба хабарнигорон. Дар баробари ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид намудани 14,9 млн. сомонӣ ҷамъияти матлубот 8,4 млн. сомонӣ фоидаи соф низ ба даст овард,-иброз дошт С.Валиев. Ба гуфти раис ҳаҷми истеҳсоли консерва дар моҳҳои январ-июн ба 3,7 млн. қуттии шартӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Дар айни замон Раёсати Тоҷикматлубот 65 адад дӯкони қабул ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 100 адад дӯкони фурӯши гӯшт, 38 адад нуқтаи қабули гӯшт, 15 адад нуқтаи фурӯши моҳии зинда, 8 адад нуқтаи қабули пӯсту пашм, 31 адад нуқтаи фурӯши ангишт, 21 адад нуқтаи фурӯши асал ва 38 адад гӯшаи «Деҳқонбозор»-ро дар ихтиёр дорад. Дар баробари ин дар тобеияти «Тоҷикматлубот» 76 хоҷагии ёрирасон бо масоҳати 6 ҳазору 294 гектар замин қарор дорад. Бо вуҷуди ин ҳама Тоҷикматлубот наметавонад нархро дар бозор танзим намояд.-Пас чӣ бояд кард то нарх дар бозор танзим ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ниёзи аввалия беҳбудӣ ёбад?- пурсида шуд аз раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот С.Валиев. Раис ишорат ба таҷдиди сохтор намуда иброз дошт, ки бо ин қадар замину хоҷагии ёрирасон танҳо сохтори имрӯзаи ҷамъияти матлуботи ҷумҳуриро нигоҳ доштан мумкин ва пешниҳод намуд, ки барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти нисбатан арзон дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ 2-3 ноҳия дар ҳамкорӣ бо кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ бояд фаъолият дошта бошад. Дар чунин маврид ҳам маҳсулот зиёд истеҳсол мегардад ва ҳам нарх дар бозор ба танзим медарояд. Сабаби дигари баланд рафтани нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва камчинии маҳсулотро раис дар бидуни нақша истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






