Ҷамъомади маъюбон дар китобхона
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- 6 июли соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон (расман 8-июль ҳамасола аз соли 2004 қайд мегардад) бо иштироки намоянданони Маркази минтақавии хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе, ташкилоти Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти кару гунгҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Гулҳои як чаман” ҷамъомад доир гардид. Бояд тазаккур дод, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахӯрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Давлат дар ин замина тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин гурӯҳи осебпазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва беҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






