Ҷавонони тоҷик дар Шерозу Машҳад таҳсил хоҳанд кард

Июль 10, 2012 15:33

Душанбе, 10 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки 187 нафар ҷавонони довталаби тоҷик баъди супоридани имтиҳонҳо сазовори номи донишҷў гардида, таҳсилро дар донишгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон идома диҳанд. «Алҳол ҷавонони тоҷик як имтиҳони тестиро супоридаанд ва дар санаи 15 июл имтиҳони дуюм оғоз меёбад, ки он ба таври сўҳбат ҷараён хоҳад гирифт», мегўяд Абдусаттор Одинаев — мудири бахши рушди таҳсилоти байналмилалии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ. Мавсуф афзуд, ки дар соли равон Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ба таҳсил фаро гирфитани ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои давлатиаш 250 ҷой ихтисос додааст. Таҳсили донишҷўёни тоҷик дар ин кишвар дар доираи қарордоди байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм, маориф ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки соли 2011 ба имзо расида буд, сурат мегирад. Дар посух ба савол, ки донишҷўёни тоҷик аз рўи кадом ихтисосҳо дар Эрон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, намояндаи масъули Вазорати маорифи кишвар гуфт: — Бо назардошти талаботи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони варзидаи соҳаҳои муосир, донишҷўёни тоҷик аз рўи ихтисосҳои техникӣ, технологияи барқӣ, муҳандисӣ, геология, биотехнология, нанотехнология, барномасозӣ, амнияти иттилоотӣ ва соири ихтисосҳои марбут ба табиию риёзӣ дар донишгоҳҳои давлатии Теҳрон, Машҳад ва Шероз таҳсил менамоянд. Тамоми хароҷоти таҳсил ба донишҷўён аз ҷониби Эрон пардохт карда мешавад. Алҳол дар муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон беш аз 1000 нафар шаҳрвандони Эрон аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ дар зинаҳои гуногуни маълумоти олӣ- бакалавр, магистр ва аспирантура таҳсил менамоянд. Дар Эрон бошад 100 нафар донишҷўёни тоҷик аз ҳисоби худашон таҳсил доранд. Бояд зикр кард, ки сол аз сол талаботи кишварамон ба мутахассисони варзида меафзояд. Назар ба иттилои Фарҳод Раҳимов- муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ дар мактабҳои олии кишвар аз рўи 280 номгўи ихтисос мутахассис омода карда мешавад, ҳол он ки бозори меҳнат ба 450 номгўй ихтисос ниёз дорад. Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Эрон аз кишварҳои хориҷие мебошанд, ки асосан барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар мактабҳои олии худ ҷой ихтисос медиҳанд.

Июль 10, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд