Ҷилавгирӣ аз сохтмони биноҳои худсарона
Душанбе, 30 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масоили вазъи корҳои сохтмони манзилҳои индивидуалӣ ва ҳолати таҳқиқу лоиҳакашии идомаи азхудкунии минтақаи «Ховарон», пешгирии сохтмони худсаронаву ғайриқонунӣ дар маҳали мазкур дар ҷаласае, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Ҳамзамон дар ҷаласа вазъи санитарию экологии шаҳр, таъминот бо оби нўшокӣ ва ҳолати иҷроиши қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ки мақоми санади меъёрии ҳуқуқӣ гирифтааст, матраҳ гаштанд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати густардагии фаъолият дар ин самт ва ҳалли мушкилоти мавҷудбуда ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ ироа кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






