Ҷонибдории қонунҳои конститутсионӣ ва наву мукаммал
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Панҷ қонуни конститутсионӣ ва се қонуни наву мукаммалро аъзои палатаи болоии парлумони мамлакат зимни баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллӣ, ки 19 июл дар Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Инҳо Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва се қонуни нав — «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ», «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» мебошанд. Раисони Кумитаҳои палатаи болоии парлумон Бахтиёр Худоёров, Саидмурод Тағоев, Давлатшо Гулмаҳмадов, Убайдулло Қурбонов, ва Мамадшо Илолов моҳияти масъалаҳоро тавзеҳ дода гуфтанд, ки ҳадафи баррасӣ ва ҷонибдории қонунҳои зикршуда такмили қонунгузории кишвар, танзими пардохти кўмакпулиҳою ҷубронпулиҳо ҳангоми ба нафақа баромадан, фавт ва дигар ҳолатҳо нисбат ба узви Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони сохторҳои судӣ, прокуратура, такмили сиёсати забони давлатӣ, ҳифзи иҷтимоии ҷомеа ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Дар иҷлосия ҳамзамон доир ба ворид намудани тағйирот ба замимаи №1 Қарори Маҷлиси миллӣ аз 15 декабри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи сохтор, рўйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» қарор қабул гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






