Ҷопон ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳавасманд аст
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Муносибатҳои байни кишварҳои мо дўстона ва қавӣ буда, иқтидору нерўи зиёд ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ мавҷуданд, аммо то ҳол, мутаассифона аз онҳо истифода намешавад», — тазаккур дод раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов зимни мулоқот бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳироюки Имхаши.Аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Д. Саидов зикр дошт, ки вақти он расидааст, мо талошҳои худро дар якҷоягӣ ҷараён дода, ҷиҳати суръатбахшии ҳамкориҳои байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат чораҳои таъсирбахш андешем. Сафир дар навбати худ гуфт, ки дар самти ҷалби доираи соҳибкорони ҷопонӣ чораҳо андешида мешаванд ва ба ҳолати имрўза як қатор ширкатҳои бузурги ҷопонӣ ба имкониятҳои Тоҷикистон диққати хосса зоҳир кардаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






