Ҷопон дар Тоҷикобод мактаб сохт
Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- “Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи № 8 дар ҷамоати “Нушор”-и ноҳияи Тоҷикобод” бо маблағи умумии 106.249 доллари ИМА, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ ёфта буд, бомуваффақият ба итмом расид. Дирӯз, 11 –уми июл Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳусейн Алиев, раиси ноҳияи Тоҷикобод дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи рақами 8-и ҷамоати «Нушор» ширкат варзиданд. Қобили қайд аст, ки пойдевор ва деворҳои ин мактаб дар зимистон намнок гашта, ба саломатии мактаббачагон зарар мерасонид. Аз норасоии ҷойҳои нишаст, омӯзгорон ва талабаҳо баъди нисфирӯзӣ барои донишомӯзӣ ба мактаб мерафтанд. 425 талаба дар се баста ба таълим фаро гирифта шуда буд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бинои мактаби нав бо шаш синфхона сохта шуда, аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ноҳия таҷҳизоти нав, мисли мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳо муҷҷаҳазонида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






