2 июл — Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ
Душанбе. 2 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон дар радифи ҳамкасбони хеш аз тамоми сайёра Рӯзи байналмилалии хабарнигори риштаи варзишро таҷлил менамоянд. Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шурӯъ аз соли 1995 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ 2-юми июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзишӣ таҷлил мешавад. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ пазируфта шудааст. Ин тасмим дар Конгресси 74-уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АИПС), ки аз 22-юм то 27-уми марти соли 2011-ум дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ барпо гардид, гирифта шуд. Мавриди ёдоварист, ки АЖРВТ 25-уми январи соли 2001-ум дар шаҳри Душанбе конфронси муассисон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






