280 ҳолати фавқулодда дар 6 моҳ
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар». Лутфия Эшонкулова).- Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар 280 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки ба ин ғаркшавӣ низ дохил мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов хабар дод, шумораи умумии ғарқшудагон дар нимсолаи аввал ба 40 нафар мерасад. Дар ҳамин давраи соли сипаригашта бошад шумораи умумии ғарқшудагон ба 66 нафар расида буд. Новобаста аз он ки шумораи ғарқшавӣ нисбат ба соли сипаригашта камтар ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале ин ҳолат ҳамоно ташвишовар аст. «Дар ҳамин ҳол бори дигар муроҷиатномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ-ро ба сокинон, шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонем. Кумитаи мазкур дар мавсими шиноварӣ дар дарёҳо, обанборҳо, каналҳо ва ҳавзҳо, ки ба таҳдиди эҳтимоли ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад, аз ҳамагон эҳтиёткориро талаб менамояд, ки эҳтиёткорона рафтор ва муносибат кунанд», — тазаккур дод О. Нозимов. Вай афзуд, ки маҳз дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кўлҳо соли сипаригашта дар кишвар 118 шаҳрванд ва дар нимсолаи аввали соли равон 40 нафар шаҳрвандон ҳалок гардидаанд.Бинобар ин, барои дучор нагардидани чунин ҳодисаҳо ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо, кӯлҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва аз шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараёндор худдорӣ кунед.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






