4 ҳазору 703 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд

Июль 25, 2012 09:07

Душанбе, 25 июл.(АМИТ «Ховар», Меҳрубон Сатторова).- Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Ҳакимов дирӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти соҳаҳои нақлиёт дар нимсолаи аввали соли 2012 гуфт, ки барои нигаҳдории роҳҳои мошингард 26 млн. 79 ҳазор сомонӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида, 4 ҳазору 703 км роҳи мошинлгард аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Аз ҷумла вазири нақлиёт гуфт, ки ҳаҷми боркашонӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт ба андозаи 8 миллиону 600 ҳазору 800 тонна ва мусофирбарӣ дар ҳаҷми 83 миллиону 828 ҳазору 500 мусофир таъмин гардид, ки нисбат ба нишондихандаҳои ҳамин давраи соли 2011 мутаносибан боркашонӣ 1,6 фоиз кам ва мусофирбарӣ 1,7 фоиз зиёд аст. Дар ин давра аз ҳисоби иҷрои корҳои назоратию танзимӣ 9 миллиону 175 ҳазору 780 сомонӣ ҳисобӣ гардидааст, ки аз ин 1миллиону 14 ҳазору 160 сомонӣ аз ҳисоби иҷозатномадиҳӣ, 4 миллиону 410 ҳазору 225 сомонӣ аз ҳисоби ҷаримабандӣ, 3 миллиону 751 ҳазору 399 сомонӣ аз ҳисоби дигар фаъолияти танзимӣ мебошанд. Доир ба танзими нақлиёт ва нархгузории нақлиёти мусофирбар сухан ронда, вазири иброз намуд, ки дар ҳолати қонуншикании ронандагон дар ҳама ҳолат мусофирон метавонанд ба телефонҳои боварӣ занг зананд.

Июль 25, 2012 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад