490 –ум истгоҳи иртиботи бесими «МегаФон» дар Хатлон
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар»). — Истгоҳҳои иртиботии бесими ҷадид, ки технологияи насли дуввум ва сеюмро таҳти пушиш қарор медиҳад, имконияти афзоиши зарфияти шабакаро фароҳам карда ва минтақаи пўшишро тавсеаи мебахшад. Дар натиҷа мардуми минтақаи Хатлон имкон пайдо карданд, то аз интернети мобилӣ бо суръати миёнаи 1Мбит/с истифода баранд. Тӯли як моҳи охир дар вилояти Хатлон даҳ истгоҳҳои иртиботии бесим дар ҷамоати Фрунзеи ноҳияи Румӣ, дар участкаҳои Хилолӣ, Меҳнатобод ва Ҷомии ноҳияи Хуросон, ҳамчунин дар деҳаи Янгиободи ноҳияи Ҷиликул, дар деҳаҳои А. Муродов ва Ш. Саъдиеви ноҳияи Шаҳритус, дар ноҳияи Фархор ва дар шаҳри Қурғонтеппа дар кўчаи Айни 39 мавриди баҳрабардори қарор гирифт. Гуфтанист, дар ҳоли ҳзир шабакаи «МегаФон» бештарин миқёси Хатлонро фаро гирифта интернети босуръат ба тамоми ноҳияҳои минтақа дастрас мебошад. Рушди шабака дар минтақаҳои деҳнишин, яке аз нақшаҳои муҳими ширкат ба ҳисоб меравад.Дар баробари сохтмони истгоҳҳои иртиботии бесим ва беҳтар кардани сифати иртибот, ширкат имкониятҳои хизматрасониашро низ, бо ифтитоҳи марказҳои фурӯш ва хизматрасонӣ дар саросари вилоят босуръат тавсеа медиҳад. То охири сол, боз панҷ толори «МегаФон» барои мардуми Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






